Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар соли 2024 баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳову ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ташкил карда шуд.
Нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии роҳбарияти вазорат бо иштироки зиёда аз 34 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, дар шакли муаррифӣ ҳисоботи муфассалро оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024 пешниҳод намуд. Ҳамзамон барои намояндагони ВАО гузориши матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас карда шуд.
Завқизода З. А. зикр намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунии иқтисодӣ, дар натиҷаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин стратегияи давлатӣ ва барномаҳо, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор нигоҳ дошта шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 миллиард сомонӣ расид, ки дар ифодаи воқеӣ 8,4 фоизро ташкил медиҳад, дар ҳамин ҳол сатҳи таваррум устувор боқӣ монда, 3,6 фоизро ташкил дод.