18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдурамон Сафаралӣ бо муовини Вазири тиҷорат/муовини намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар музокиротҳои байналмилалии тиҷоратӣ Лин Сзи баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни вохурӣ ҷалби сармояи чинӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ дар соҳаҳои обу энергетика, роҳу нақлиёт, аз ҷумла сохтмони роҳҳо дар шаҳри Душанберо самтҳои муҳимӣ ҳамкорӣ баён намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи мувофиқаҳои бадастомада иброз намуда, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чинро таъкид намуданд.