5 феврали соли 2025 дар шаҳри Кувайт бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт, муҳтарам Шайх Мешал Ал-Аҳмад Ал-Ҷабир Ас-Сабоҳ, ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири молия, Вазири давлатии умури иқтисодӣ ва сармоягузории Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассом доир гардид.
Завқизода З. А. дар суханронии худ таъкид намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Кувайт, муҳтарам Шайх Мешал Ал-Сабоҳ дар ҷараёни сафари давлатии 3-4 ноябри соли 2024 ба муносибатҳои дуҷониба нерӯи тоза бахшидааст.
Дар ҷаласаи Комиссия дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ муайян гардида, ҷонибҳо лоиҳаи нақшаи роҳро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ ва мувофиқа карданд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои мустақими Кувайт ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла саноат, истихроҷи маъданҳо, истеҳсоли матоъ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, маориф ва варзиш ироа намуд.
Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистон ҷониби Кувайтро бо 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кувайт ва Рӯзи истиқлолияти Кувайт табрик гуфта, ба пешрафти ҳамкориҳои дуҷониба таманнои нек баён кард.