3 феврали соли 2025 дар шаҳри Кувайт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Завкизода Завки Амин бо Директори генералии Бунёди рушди иқтисоди арабии Кувайт Валид Ал-Бахар баргузор гардид.
Завкизода З.А. аз роҳбарияти Бунёд барои дастгирии доимӣ ва саҳми арзандаашон дар рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос намуда, махсусан маблағгузории сохтмони НБО Роғунро қайд кард, ки дар таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Зикр гардид, ки то имрӯз Бунёди рушди иқтисоди арабии Кувайт барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тақрибан 200 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.
Дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон, Бунёди рушди иқтисоди арабии Кувайт омодагии худро барои сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаҳои афзалиятноки кишвар изҳор намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва тавсеаи сармоягузориҳои навро таъкид карданд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон иборат аст аз Вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Завкизода Завки Амин (роҳбари ҳайат), Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло, муовини аввали вазири молия Мадҷидӣ Юсуф, муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Худобахш Шариф, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух, намояндаи шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Баходур, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиедулло, муовини директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор, сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат Ҷовида Икромӣ ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ерибек.
Дар ҷараёни сафари худ ба Кувайт, ҳайати расмии Тоҷикистон масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегиро бо ҷониби кувайтӣ муҳокима намуд.