3 сентябри соли 2026 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода А. Н. бо ҳайати ширкати «LS Group»-и Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва саноатӣ, аз ҷумла дар самти истихроҷ ва коркарди амиқи канданиҳои фоиданоки стратегӣ, модернизатсияи инфрасохтори энергетикӣ, маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулоти кабелию ноқилӣ ва таҷҳизоти барқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро баррасӣ намуданд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар мунтазам рушд меёбанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Нуриддинзода А. Н. афзалиятҳои сармоягузории кишвар ва имтиёзҳои андозию гумрукии пешниҳодшаванда, бахусус дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, гузариш ба модели шарикии дарозмуддати саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак изҳор намуданд.