Санаи 3 сентябри соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар чорабиниҳои…
Санаи 3 сентябри соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо мардуми ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.
Инчунин зимни сафари корӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Панҷ боздид намуда, бо дастовардҳои сокинон ва истеҳсолкунандагони ноҳия шинос гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туйи домодию арусии се ҷуфт навҷавонон дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.