2 сентябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баргузор гардид.
Зимни мулоқот натиҷаҳои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, аҳаммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Ҳиндустон таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии тавофуқоти ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ изҳори омодагӣ намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нассоҷӣ, коркарди чарм, сангҳои қиматбаҳо ва ҷавоҳирот, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ ва энергетикаи барқароршавандаро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.