Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
17-уми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, муассисаҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 ҳамаҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар қисми аввали маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2024 шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар соли 2024 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба даст оварда шуданд.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.
Ба гуфтаи Сарвазири кишвар, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2023 ба маблағи 22,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Сатҳи таваррум дар сатҳи 3,6 дарсад нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳандаи пасттар дар муқоиса бо соли 2023 мебошад (0,2 банди фоизӣ).
Дар соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз ба сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 миллиард сомонӣ ва Хадамоти гумрук – 106,8 фоиз ё 9,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 миллиард 18 миллион сомонӣ ва 618 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 9,4 фоиз зиёд мебошад.
Сарвазири кишвар зикр намуд, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳа 20 дарсадро ташкил дод ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 миллиард сомонӣ расид.