27 августи соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё», ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, беҳтарин истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони фаъоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд, ки ҳадаф аз он ҳавасманд намудани соҳибкорону сармоягузорон ва эътирофи саҳми онҳо дар рушди истеҳсолот ва содироти кишвар буд.