Ба натиҷаи дидорҳо ва музокираҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 ҳуҷҷати нави ҳамкории байни ду кишвар имзо шуд.
Зери эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон имзоҳои сарони ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён гузошта шуд.
Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои зерин имзо шуданд:
-
Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Барномаи амали намудани ҳамкории байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони бандарҳо ва роҳнамоии киштиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои рушди транзити борҳо тавассути порти Чабахар;
-
Меморандуми фаҳмиши байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, туризм ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкориҳо дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
-
Нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои Меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи 2025-2027;
-
Меморандум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум байни Донишгоҳи аграрии номии Шириншо Шоҳтемури Тоҷикистон ва Институти муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Барномаи ҳамкории муштарак ба Меморандум оиди ҳамкории байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони фароҳамсозии некӯаҳволии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи иҷтимоъ ва муҳофизат аз гурӯҳҳои осебпазир;
-
Меморандум оиди фаҳмиши байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Институти муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум байни Маркази илмии ҷумҳуриявии хун ва Созмони интиқоли хунҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди фаҳмиши масъалаҳои муҳофизат аз саломатии ҳайвонот ва ветеринария байни Комитети амнияти ғизоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум байни Комитети умури занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мудири масъалаҳои занон ва оила дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкориҳо дар соҳаи занон ва оила;
-
Меморандум байни Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумии инспексияи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкории дар соҳаи мубориза бо коррупсия;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва технологияи иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва инспексияи савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллӣ оид ба стандартизатсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
-
Меморандум оиди ҳамкории дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ байни Хидмати иртибототи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди таълим байни Хидмати гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумрукӣи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум байни Раёсати асосии архиви назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳуҷҷатҳо ва Китобхонаи миллӣи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни Маркази таҳқиқоти стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишии Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни муассисаи давлатӣ Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Ассамблеяи ҷаҳонии наздиксозии мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
-
Меморандум оиди ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳҳо.