Санаи 27 августи соли 2026 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун аз Намоиши маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва молҳои маҳаллии вилояти Суғд, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» ташкил гардидааст, дидан намуданд.