Санаи 27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Саид Алакбаров баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи Озарбойҷон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории саноатӣ, рақамикунонӣ ва рушди робитаҳои нақлиётию логистикиро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 ба 14,7 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ин нишондиҳанда 10,2 млн. долларро ташкил додааст.
Ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи амалии созишҳои бадастомада, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои соҳибкорони ду кишвар изҳор намуданд.