24 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Фландрияи Шоҳигарии Белгия баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, логистика, дорусозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баромади худ Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Фландрия аҳаммияти хос зоҳир намуда, солҳои охир робитаҳои иқтисодии ҷонибҳо рушд намуда истодаанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои мустақими соҳибкорӣ изҳор намуданд.