24 августи соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Тақвияти тадбирҳо дар самти кам кардани таъсири тағйирёбии нархи маҳсулоти энергетикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ, ба танзим даровардани нархи он, кам кардани таъсири тағйирёбии нархи маҳсулоти энергетикӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти вазорату идораҳо доир ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии пайомадҳои тағйирёбии нархи маҳсулоти нафтӣ дар соҳаҳои худ фикру ақидаҳои судманд иброз намуданд.
Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаи қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд.