Субҳи 20 августи соли 2026 аз ҷониби Роҳбарият ва кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зертобеи он дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамонони халқи тоҷик-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Зимни ин маросим Вазири рушди иқтисод ва савдо саҳми арзишманд ва мондагори онҳоро дар давраҳои ҳассоси таърихӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон таъкид намуда, иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат, ҳамчун рӯйдоди муҳим ва нишонаи эҳёи адолати таърихӣ арзёбӣ карданд.
Иштирокчиёни маросим бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо назди оромгоҳи қаҳрамонони миллат ба рӯҳи поки онҳо эҳтиром гузошта, саҳми арзишманд ва мондагори онҳоро дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон пос доштанд.