14 августи соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «ТОП - 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ - 2026» бо суханронии ифтитиҳии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло баргузор гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар низ иштирок намуданд.
Боиси сарфарозист, ки Минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз рӯи номинатсияи «Минтақаи озоди иқтисодӣ» соҳиби ҷоиза гардиданд.
Ҷоизаҳои мазкур дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар роҳбарони мақомотҳои дахлдор ба роҳбарияти минтақаҳо тақдим карда шуданд.