14 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо роҳбарияти ширкатҳои “Yema Group”, “Sichuan Hebang Investment Group”, “China Feihe”, “Zheijiang Zhink Group” ва “Beijing Century Beking Furniture”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти инфрасохтори сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Зимни баромади худ Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо дар сатҳи баланди рушд қарор доранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак изҳор намуданд.