14 августи соли 2026 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба дастовардҳои бонувони ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии қайдгардида бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба муносибати Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август таҷлил мегардад, доир шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни баромади худ қайд намуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди сармояи инсонӣ ва иқтисодиёти ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, инчунин пайдо намудани шахсони боистеъдоди соҳаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гашта, солҳои охир шумораи ихтироъкорон, бахусус занону бонувони ихтироъкор дар кишвар ба маротиб зиёд шудаанд.
Бо ин мақсад аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея 19-умин Озмун ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъҳои занон баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур 11 нафар занону бонувони ихтироъкор иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 ҷоизаи махсус гардиданд.