13 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Менеҷери калони маблағгузории савдо барои Туркия ва кишварҳои ИДМ-и Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) Анвар Нигматов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо, маблағгузории лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятнок, инчунин лоиҳаи Созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ITFC барои солҳои 2026-2029-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.