Рӯзҳои 27-28 августи соли 2026 дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» баргузор мегардад, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Дар Форум роҳбарони минтақаҳои озод ва махсуси иқтисодии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва институтҳои рушд, доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва коршиносон иштирок менамоянд.
Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани майдони байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баррасии механизмҳои муосири ҷалби сармоя, рушди кооператсияи саноатӣ, савдо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ мебошад.
Дар доираи Форум баргузории ҷаласаҳои пленарӣ ва панелӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, вохӯриҳои B2B, намоиши маҳсулоти корхонаҳои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва вилояти Суғд, инчунин боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» пешбинӣ шудааст.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи технологияҳои рақамӣ ва механизми «Равзанаи ягона», баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди робитаҳои мустақими соҳибкорӣ равона мегардад.
Иштирок дар Форум бақайдгирии пешакӣ ва тасдиқи Кумитаи тадорукотро пешбинӣ менамояд.
Маълумоти иловагӣ оид ба Форум: fezforum.com