13 августи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло машварти корӣ вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, ворид намудани технологияҳои муосир ва дар маҷмӯъ мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсис дода шудаанд.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Суғд”, “Панҷ”, “Ишкошим”, “Кӯлоб” ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи қонунгузории андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истифодаи имтиёзҳои пешбинишуда, такмили механизмҳои маъмурикунонии андоз, инчунин масъалаҳои амалие, ки дар фаъолияти субъектҳои МОИ ба миён меоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои ҷалби бешатари сармоягузорӣ, беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба масъулин тавсияҳои дахлдор дода шуданд.