13 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Ярослав Мандрон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди мазкур, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва суботи макроиқтисодиро баррасӣ намуданд.