Санаи 11 августи соли 2026 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло корҳои таблиғотӣ оид ба Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душнабе аз 31 июли соли 2017 оиди ба роҳ мондани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва дастрас намудани кортҳои нақлиётӣ миёни кормандони вазорату идораҳои кишвар барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд.
Дар оғози ҷаласа Восидиён Ф. С. иброз доштанд, ки мақсади ҷорӣ намудани низоми пардохти электронии роҳкиро ин таъмини шаффофият дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва тақвияти ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.
Дар идомаи нишаст роҳбари лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» Зиёваддинов Садриддин рӯнамо дар мавзӯи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе» манзур намуда, вобаста ба гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар самти тақвияти пардохти электронии роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт маълумот манзур намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Восидиён Ф. С. ба кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи савияи дониши кормандони дастгоҳи марказии вазорат изҳори сипос намуда, даъват ба амал оварданд, ки дастаҷамъона дар самти тақвияти пардохти электронии роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт саҳми босазои худро гузоранд.