7 августи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо ва бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мукаммалсозии Портали савдои Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Расмиёт ва шартҳои татбиқи чораҳои махсуси савдо ва тартиби ташаббус ва гузаронидани таҳқиқот», инчунин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» баррасӣ гардиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас иҷро шуда, вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи кумита чораҳои амалӣ меандешанд.
Дар идома муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.