25 декабр дар Шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, Ки Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат Ба Президенти Федератсияи Россия Муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиени мулоқотро бо фарорасии Соли Нав табрику таҳният намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз соли нав раесати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ба Тоҷикистон мегузарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки раесати Тоҷикистон дар доираи консепсия ва нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо бо мусоидати дигар кишварҳои иштирокчии ИДМ самаранок баргузор мегардад.
Дар ҷараени мулоқот ҷонибҳо доир ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.