4 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия Рушен Четин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
Инчунин зимни мулоқот вобаста ба шароити фароҳамовардашуда ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки саноатию истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардида, ба масъалаҳои рушди саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати дорусозӣ ва ҷоринамоии технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор намуданд.