3 августи соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, рушди иқтидори захираҳои инсонӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Барномаи стипендиявии Ҷопон ва Хазинаи байналмилпалии асъор барои Осиёро (JISPA) баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти Барномаи JISPA-ро дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори мақомоти давлатӣ таъкид карда, тавсеаи мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳоро барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар самти таҳлили макроиқтисодӣ, сиёсати савдо ва сармоягузорӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ намуданд.