22 июли соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» сафар намуда, аз шароити фароҳамгардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои навтаъсиси бақайдгирифташуда, инчунин рафти корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.