22 июли соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, рушди истеҳсолот, истифодаи самараноки замин, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосири тиббӣ тақдим гардид.