15 июли соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ва бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон, сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Восидиён Ф. С. таъкид намуд, ки фаъолияти тамоми воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат бояд пеш аз ҳама ба иҷрои пурра, босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои муқаррарнамудаи низомномаи вазорат равона карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло суханронӣ намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 баҳои мусбат дода, барои боз ҳам тақвият додани корҳо дар ҳамаи самтҳо як қатор тавсияҳо ва дастурҳои судманд пешниҳод намуд.