Дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF - 2026) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мудири Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкориҳои Ҷануб-Ҷануб Дима Ал-Хатиб баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, иқтисоди сабз ва рушди устувори саноатӣ барррасӣ гардиданд.
Инчунин натиҷаҳои бадастомадаи Конфронси чоруми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва чорабиниҳои канории Конфронс мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.