14 июли соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF–2026) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) Александр Де Кро баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, маҳаллисозии Ҳадафҳои рушди устувор, маблағгузорӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи босамари ҳадафҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.