Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат хониши идоравӣ дар мавзуи «Мубориза бо коррупсия – заминаи муҳимми рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.…
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат хониши идоравӣ дар мавзуи «Мубориза бо коррупсия – заминаи муҳимми рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ифтитоҳ намуда, аҳамияти муқовимат ба коррупсия, риояи қонуният, шаффофият ва масъулиятшиносиро дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таъкид кард.
Дар идома Муовини сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ Мирзозода Фараҳноз Мустафо оид ба заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва нақши он дар такмили идоракунии давлатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ маъруза намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таҳкими шаффофият ва масъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ дар пешгирии коррупсия таъкид гардид