Дар шароити муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодиро паси сар намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ талош меварзад, масъалаи муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил…
Дар шароити муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодиро паси сар намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ талош меварзад, масъалаи муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз рушди босуботи иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ бе таъмини шаффофият ва волоияти қонун ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо як тадбири ҳуқуқӣ, балки омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки муқовимат ба коррупсия бояд ба қисми ҷудонашавандаи фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ мубаддал гардад. Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, ки танҳо тавассути риояи қонун, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ метавон заминаи боэътимоди рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фароҳам овард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат ба коррупсия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», стратегияҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сиёсати давлатро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия муайян намуда, барои баланд бардоштани сатҳи қонуният, шаффофият ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Ҳадафи асосии ин санадҳо пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, такмили низоми идоракунии давлатӣ, таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа мебошад.
Таҷрибаи байналмилалӣ собит намудааст, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Ин падида боиси зиёд шудани хароҷоти соҳибкорон, коҳиш ёфтани рақобати солим, маҳдуд гардидани ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва паст шудани эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти давлатӣ мегардад. Дар чунин шароит суръати рушди иқтисодӣ коҳиш ёфта, имкониятҳои истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ маҳдуд мешаванд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро бо маром идома медиҳад, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ аҳамияти хосса дорад. Муҳити иқтисодии солим танҳо дар шароите ташаккул меёбад, ки дар он принсипҳои қонуният, адолат, шаффофият ва масъулиятшиносӣ ба таври комил риоя гарданд.
Дар ин раванд нақши мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти таҳиякунанда ва татбиқкунандаи сиёсати иқтисодӣ, муҳим мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро ба татбиқи сиёсати давлатии иқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва такмили идоракунии давлатӣ равона менамояд. Дар ин замина, риояи принсипҳои қонуният, поквиҷдонӣ, шаффофият, беғаразӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлат аз ҷониби кормандони вазорат барои иҷрои самараноки вазифаҳои хизматӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фаъолияти вазорат масъалаҳои таъмини шаффофият ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳои иқтисодӣ, рушди хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои давлатӣ, таҳкими назорати дохилӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон пайваста мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият қарор доранд. Амалӣ гардидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сифати идоракунӣ, беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари такмили қонунгузорӣ ва низоми идоракунӣ, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ низ аҳамияти калидӣ дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо таъмин намегардад. Муҳим он аст, ки дар ҷомеа ва махсусан дар байни хизматчиёни давлатӣ муносибати оштинопазир нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ ташаккул ёбад. Хизматчии давлатӣ бояд фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун анҷом дода, манфиатҳои давлат ва ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузорад. Поквиҷдонӣ, адолат, беғаразӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи хизматӣ бояд меъёри ҳамарӯзаи фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ бошад.
Дар солҳои охир рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди ҳукумати электронӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ мавқеи муҳим пайдо кардааст. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки дахолати омили инсонӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ коҳиш ёфта, сатҳи шаффофият, дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад. Ҳамзамон, рақамикунонӣ барои соддагардонии расмиёти маъмурӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд таъкид намуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё сохторҳои ваколатдор нест. Ин масъулияти муштараки давлат, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар як шахс бо риояи талаботи қонун, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ ва мавқеи шаҳрвандии худ метавонад дар пешгирии ин падида саҳми арзанда гузорад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ пайваста талош менамояд. Дар ин роҳ таъмини шаффофият, истифодаи оқилонаи маблағҳои давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ аҳамияти махсус доранд. Ноил шудан ба ин ҳадафҳо танҳо дар сурате имконпазир аст, ки давлат ва ҷомеа якҷоя амал намуда, барои таҳкими қонуният, идоракунии самаранок ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ саҳми худро гузоранд.
Мубориза бо коррупсия танҳо риояи талаботи қонун нест, балки масъулият дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳар қадар сатҳи шаффофият ва масъулиятшиносӣ баланд бошад, ҳамон қадар имконияти рушди иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум бештар мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия бояд ба як фарҳанги умумӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар табдил ёбад.