10 июли соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи корӣ оид ба…
10 июли соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи корӣ оид ба муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти хизматӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки таъмини шаффофият, қонуният ва масъулиятнокӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тақвияти тадбирҳои зиддикоррупсионӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва эътимоди ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таҳкими низоми назорати дохилӣ, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, баланд бардоштани интизоми хизматӣ ва тақвияти масъулияти шахсии кормандон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Хушбахт Раҳимдил иштирок намуда, оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ва коҳиш додани омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия суханронӣ кард. Ҳамзамон ба иштирокчиён тавсияҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили механизмҳои пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон пешниҳод гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ба воҳидҳои сохтории вазорат ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳо, тақвияти чораҳои пешгирикунандаи коррупсия, такмили низоми назорати дохилӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.