Бо мақсади кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар атрофи ин пул дарахтон, гулҳо ва буттаҳои сояафкан шинонида шуданд, ки зебоии ин ҷойро дучанд мекунанд.
Инчунин
дар доираи
лоиҳаи
мазкур
аз Хиебони Исмоили Сомонӣ то буриши Хиебони Сино, ки 3 километрро ташкил медиҳад, корҳои равшанӣ дар сатҳи баланд бо истифода аз таҷҳизоти равшании каммасраф анҷом дода шуданд.
Хусусан дар вақти
шабона ҳангоми ҳаракат
дар
ин пул
манзараи
зебое
кушода
мешавад, ки диққати ҳар як сокин ва меҳмони Шаҳри Душанберо ба худ ҷалб мекунад.
Дар
рафти
ороиши
пули
автомобилӣ
, ки аз 6 қитъа аз ду тарафи роҳ иборат аст, бо истифода аз сохторҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, деворҳои оҳани тарҳи муосир бо дарозии 473 метр насб карда шуданд.
Баландии
декорасияҳои
конструктивӣ
дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи
ташаккули
ин пул бо назардошти бехатарии ҳаракати роҳ таҳия шуда буд ва роҳҳои пиедагард дар ду тарафи он навсозӣ карда шуданд, ки онро барои пиедагардон бехатар сохт.