3 июли соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Зеркумитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба рушд таҳти ҳамраисии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва ҳамраиси ҷониби Иттиҳоди Аврупо хонум Шарлотт Адриан баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои рушди иқтисод, сармоягузорӣ, татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешбурди ташаббуси Global Gateway мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ба ҳамоҳангсозии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак бо афзалиятҳои миллӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, иқтисоди рақамӣ, захираҳои об, ашёи хоми муҳими стратегӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо ҷараёни татбиқи барномаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома мубодилаи афкор анҷом дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самараноки ташаббусҳои муштарак иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо натиҷаҳои музокиротро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, татбиқи пайгиронаи созишҳои ҳосилшуда ва таҳкими минбаъдаи шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тасдиқ намуданд.