26 июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Директори генералии ADVANTAGE AUSTRIA Палатаи федералии иқтисодии Австрия (Austrian Federal Economic Chamber) Михаэл Оттер доир гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо рушди ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.