25-26 июни соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи солона ва Бизнес-форуми Бонки Авруосиёгии рушд бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Бонк баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок намуда, дар ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Авруосиё–2030+: сармоягузорӣ, рушд ва имкониятҳои нав» суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун пули энергетикӣ, нақлиётӣ ва рақамӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ намуда, ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, инфрасохтори энергетикӣ, гузариши рақамӣ ва густариши ҳамгироии иқтисодии минтақа аҳамияти махсус медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар солҳои наздик афзалиятҳои асосии сармоягузорӣ бояд ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди технология ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии инноватсионӣ ва тавсеаи энергетикаи «сабз» равона карда шаванд.
Дар ин замина аҳамияти стратегии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 мегаватт, ки ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа, рушди иқтисоди «сабз» ва афзоиши содироти неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мусоидат менамояд, махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин аз ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ дар минтақа ёдоварӣ карда шуд.
Дар анҷоми суханронӣ Восидиён Фарҳод Саъдулло омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Авруосиёгии рушд дар доираи Стратегияи нави Бонк барои солҳои 2027–2031 иброз намуда, таъкид намуд, ки рушди устувори иқтисодии Авруосиё бояд бар пояи навоварӣ, технологияҳои муосир ва рушди сармояи инсонӣ бунёд гардад.