25 июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия мулоқоти якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо…
25 июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия мулоқоти якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Директори генералии ЮНИДО Герд Мюллер ва намояндаи доимии Федератсияи Россия дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Австрия Михаил Улянов баргузор гардида, дар доираи он санади лоиҳавии гранттӣ оид ба таъсиси низоми “Равзанаи ягона” барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 1,7 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Санади мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Директори генералии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО Герд Мюллер ба имзо расониданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи низоми “Равзанаи ягона” барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Россия тавассути ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО маблағгузорӣ гардида, ба рақамиикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содагардонии расмиёти маъмурии онҳо, баланд бардоштани шаффофият, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва ҷалби бештари сармоягузорону соҳибкорон ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.