24 июни соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Венаи Австрия вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Директори генералии ширкати Воит Гидрои Австрия баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба энергетика ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳайати кишвар аз корхонаи истеҳсоли чархҳо ва агрегатҳо барои сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дидан намуданд.
Қайд бояд кард, ки ширкати Воит Гидрои Австрия яке аз корхонахои бузурги ҷаҳон дар самти истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизот барои сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 60 кишвари дунё ҳамкорӣ менамояд.