18 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегии зерин баррасӣ шуд:
- Барномаи давлатии такмилу таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030;
- Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026:
- Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ Маҳмаднабӣ ва сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Зоҳир Назруллоевич рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.