17 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори генералии Барномаи кишварии Бонки Исломии Рушд Аннасс Айсамӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди тезонидани баррасии лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистон ва маблағгузории онҳоро баррасӣ карданд.
Абдураҳмонзода А. С. зимни баромади худ қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллии кишвар 8,1 фоизро ташкил дод.