16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори Корпаратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо Адиб Юсуф Ал-Аъмо вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои таваҷҷуҳи тарафайн муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас дар идомаи вохӯрӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпаратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо дар соҳаи пахта ба маблағи 10 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Директори Корпаратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо Адиб Юсуф Ал-Аъмо ба имзо расониданд.