16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Исломии Рушд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаро, ки аз ҷониби Фонди мазкур маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои навро дар самтҳои энергетика, роҳу нақлиёт, об ва ирригатсия, инчунин саноат ва кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ шумориданд.