Рӯзи 16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иҷрокунандаи Директори генералии Институти Бонки Исломии Рушд Доктор Самӣ Иброҳим Ал-Сувайлем вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Бонки Исломии Рушд баррасӣ гардиданд.