12 июни соли 2026 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ва Муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух Юсуф бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти субъектҳо, рушди инфрасохтор, шароити фароҳамгардида барои фаъолияти сармоягузорон, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нав, инчунин рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сафари корӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди минтақа корҳои сохтмонӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор додани як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми сафар аз ҷониби Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ба масъулини дахлдор ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти минтақа ва иҷрои саривақтии корҳои банақшагирифташуда маслиҳатҳои муфид дода шуд.