8 июни соли 2026 таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо дар ҳошияи Ҳафтаи савдои бекоғаз баргузор гардид.
Нуриддинзода А. Н. ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро нахуст бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои аъзои SPECA ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба пайвастшавии тиҷоратӣ ва рақамисозии мубодилаи маълумот дар долонҳои нақлиётии Транскаспӣ, беҳтар кардани ҳамбастагии нақлиётӣ барои робитаҳои устувори Авру-Осиё, пайвастагии энергетикӣ дар минтақа ва берун аз он, рушди савдои устувор, инноватсия ва иқтисоди даврӣ тамоюли рушдро касб намуданд.
Сипас дар кори ҷаласаи мазкур сарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои SPECA аз ҷумла Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон оид ба иҷрои тадбирҳои Харитаи роҳи Гурӯҳи кории мазкур дар солҳои 2025-2026 ва арзёбии натиҷаҳои назарраси соҳаи тиҷорат дар ҳавзаи SPECA маълумот доданд.
Инчунин дар идома намояндагони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) вобаста ба баррасии масъалаҳои рақамикунонӣ ва рушди савдои рақамӣ, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) доир ба баргузории чорабиниҳо ва татбиқи тадбирҳои мушаххас дар самти рушди савдо ва дигар шарикони рушд иштироки фаъол намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Нуриддинзода А. Н. ҷиҳати тақвияти Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо андешидани табирҳои мушаххасро аз ҷониби кишварҳои иштирокдор, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд зарур шуморида, таклифҳои созанда доир ба масъалаҳои бартараф намудани монеаҳои ғайритарифии савдо, таҳкими ҳамгироии низомҳои электронӣ ва стандартҳо, суръатбахшии расмиётҳои савдо ва мубодилаи маълумот ва татбиқи васеи унсурҳои рақамисозии тиҷорат пешниҳод намуд.