Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Директори Бонки Олмонии Рушд (KfW) оид ба Осиёи Марказӣ Петер Георгиев баргузор гардид.…
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Директори Бонки Олмонии Рушд (KfW) оид ба Осиёи Марказӣ Петер Георгиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, таъминоти об, беҳдошт ва санитария (WASH), инчунин дурнамои густариши ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Олмонии Рушд баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи «Дастгирии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва дастрасӣ ба инфрасохтори таъминоти об, санитария ва беҳдошт (WASH) дар деҳот», истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа равона карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи шарикӣ ва идомаи ҳамкориҳои созанда барои мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.