Санаи 26 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алисшаҳбана баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба содагардонии расмиёти савдои беқоғази фаромарзӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рақамикунонии соҳаҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди сабзро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои мухталфи иқтисодӣ изҳор намуданд.